Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Терроризм ва экстремизм - хатари ҷомеаи муосир

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихи бунёди давлати соҳибитиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.

Дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор доранд, ки моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте вуҷуд доранд, ки на ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки тамоюли паҳншавиро дар ҳама минтақаҳои олам дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Терроризм худ зуҳуроти номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин дониста мешавад. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои терроризм чунин шарҳ дода шудааст: «Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист».
Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, ҷӯдоихоҳӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад ва мақсаду оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд. Фаъолияти созмонҳои террористию экстремистӣ вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ пурзӯр намуда, меҳоханд сохти ҷамъиятӣ ва сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
Мутаассифона, имрӯз аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом таърих, аҳком, фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно набуда, ба он ақидаанд, ки ба ислом хислати ситезу тундрав, таҷовузгарӣ, барқасдӣ ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Аммо ин ақида ғалат аст, зеро тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, бародарӣ, муттаҳидӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, оромӣ ва адолатро дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ таъкид менамояд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ борҳо таъкид намуданд, ки «терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест». Воқеан ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи оштинопазир бурда, талош дорад, то ҷилавгирӣ аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо намояд. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз ҷумла соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» қабул карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм» аз соли 2006 тасдиқ карда шудааст, ки ин тадбирҳои пешгирӣ ҷиҳати ошкору тафтиши ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва экстремизм бо назардошти вазъи тағирёбандаи ҷамъиятиву сиёсии кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст қабул гардид, ки муборизаи дастаҷаъмонаи ҷомеаи шаҳрвандиро бар зидди ин падидаи хатарзо тақозо менамояд.
Воқеан терроризму экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда ва ба яке аз проблемаҳои асосии имрӯза мубаддал гаштааст. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ мубориза барем.
Мамадқулова Сабрина Рустамбековна, курсанти курси 3 факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҷабборова Мадина Толибҷоновна, курсанти курси 3 факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.04.2024 15:41
42