Ошкор шудани кирдори қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милится марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи августи соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 61-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, дар ду марҳила маблағи 977 ҳазору 400-сомониро гирифта ваъда додааст, ки бо воситаи шиносҳояш баҳси судиро ба манфиати ӯ ҳал мекунад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда мабалғҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















