Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаҳои 177 ва 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 2-юми феврали соли 2026, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар кӯчаи М.Боқии ноҳияи Мастчоҳ қарор доштанаш бо марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша намуда, бо истифода аз корди кисагӣ ба қисмати қафаси сина, шона ва дасти рости ҷабрдида зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. 
Дар ин вақт ҳамсояаш марди 49-солаи сокини ҳамин ноҳияи барои ҷудо намудани ҷанҷоли онҳо ба ҷои ҳодиса омадаст, ки гумонбаршаванда ӯро низ бо истифода аз корди кисагӣ ба қисмати пойяш зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардошта ҷабрдида ҳамчун ҷароҳати «Вазнин» ба саломатӣ мансуб дониста шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

04.02.2026 8:05
25