Ҳодисаҳои нақлиётӣ
1-уми феврали соли 2026, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Зафира», Мирзоев Фазлиддин Абдуллоевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи М.Ҳамадонӣ, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саидов Маҳмадалӣ Шерович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.
Дар натиҷа Саидов М.Ш. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тавр 2-юми феврали соли 2026, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Атрос-Паравоз”, Амаков Фируз Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон; Қодирова Мунаввара Саидаҳмадовна, соли таваллудаш 1980 ва Қулова Гулчеҳра Ҳотамовна, соли таваллудаш 1975, сокинони ноҳияи Варзобро пахш намудааст.
Дар натиҷа Қодирова М.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида ва Қулова Г.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















