Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ҷавони 25 ва зани 44-сола барои ташкили фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда муддати як сол хонаи ба иҷора гирифтаашро, ба фоҳишахона табдил дода, 6-уми июли соли 2025 аз марди 38-солаи сокини пойтахт барои бо ягон зан алоқаи ҷинсӣ намудан маблағи пули 700-сомонӣ гирифтааст.
Баъдан худи ҳамон рӯз гумонбаршаванда ҳуҷраи иҷоравии дар боло зикуршударо омода намуда, марди 38-соларо даъват карда, ба ӯ барои алоқаи ҷинсӣ намудан ҷавонзани 19-солаи сокини ноҳияи Аштро пешниҳод намуда, фоидаи муфт ба даст овардааст. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 44-сола ва ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Душанбе, бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуданд. 
Гумонбаршавандагон муддати як сол хонаи истиқоматии ба иҷора гирифтаашонро ба фоҳишахона табдил дода, 21-уми июли соли 2025 аз марди 39-солаи сокини шаҳри Душанбе барои ташкил намудани ҷой ва алоқаи ҷинсӣ кардан бо ягон духтар маблағи пули 400-сомонӣ гирифта, худи ҳамон рӯз ҷавони 25-сола ҳуҷраи иҷоравии дар боло зикршударо омода намуда, ба ӯ барои алоқаи ҷинсӣ намудан зани 36-солаи сокини пойтахтро барои нафси шаҳвониашро қонеъ гардонидан пешниҳод карда, фоидаи муфт ба даст овардааст. Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад. 

02.02.2026 8:24
33