Талошҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ
Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовар дар мисоли терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башар, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст. Таҳлилҳо собит сохтаанд, ки терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба аъзои ҷамъият ё намояндаи ҳокимият бо мақсади заиф кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, зоҳир мегардад.
Агар ба таърихи зиндагию рӯзгори инсоният назар афканем, мебинем, ки дар баробари рушду пешрафти ҷомеа ва падидаҳои гуногуни иҷтимоӣ, ҳамчунин омилҳои хатарзо ҳам арзи ҳастӣ кардаанд ва дар шаклу усулҳои гуногун содир мешуданд. Аммо дар охири асри ХХ дар қатори дигар мушкилот, терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хатарноки умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Болотар дар бораи терроризм зикр кардем, вале дар радифи ин зуҳуроти манфии ҷомеа экстремизм низ яке аз ҷиноятҳои хавфнок мебошад ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» мафҳуми экстремизм ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст».
Хабару гузоришҳои дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расида, шаҳодат медиҳанд, ки тайи солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ харакатери нав касб карда боз ҳам даҳшатовару бераҳм гардида, паёмадҳои хатарзоро ба раванди зинадгии мардум ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд овардаистодаанд.
Бо дар назардошти чунин омилҳо, ки ба амнияту давлати ҳар як давалт таъсири манфи мерасонад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва баъди сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мамлакат дар радифи дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа доир ба зуҳуроти манфӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм пайваста ҳушдор медоданд.
20 сол муқаддам Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 22 апрели соли 2002 чунин таъкид намудаанд: «Мехоҳам таваҷҷуҳи Шуморо ба масъалаҳое ҷалб созам, ки зарурати ҳалли онҳоро ҳаёт беш аз пеш тақозо менамояд. Ин масъалаҳои ҳалталаб терроризми байналмилалӣ ва экстремизм дар ҳамаи шаклҳо зуҳуроти онҳо мебошанд. Дар баробари ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар мубориза бар зидди ин зуҳуроти фалокатбор вазифаи муҳимтарини ҳар як сохтори давлатӣ ва тамоми ҷомеа гардидааст. Таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар давоми солҳои 70- 80-уми асри гузашта баъзе мамлакатҳо ба арсаи амалиёти ҷинояткоронаи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ табдил ёфтаанд. Дар амали чунин дастаҳо ва гурӯҳҳо самти дақиқи террористию даҳшатафканӣ ба назар мерасид. Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанӯз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем. Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд».
Тавре ишора кардем Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба экстремизм ва терроризм, ки имрӯз хусусияти ба истилоҳ "интернатсионалӣ" пайдо кардаанд, на танҳо дар дохили кишвар балки берун аз он низ пайваста изҳори назар менамоянд ва барои решакан кардани ин зуҳурти манфӣ, ҳамкориҳои байнидавлтию байналмилалиро тақозо кардаистодаанд.
Тибқи таҳлили коршиносон терроризм яке аз воситаҳои амалӣ кардани мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои муташаккил мебошад, ки бо ин роҳ мехоҳанд харитаи иқтисодию сиёсии сайёраро ба манфиати худ мувофиқ созанд. Мақсади асосии терроризми байналхалқӣ дар ин ё он давлат сарнагун кардани низомҳои конститутсионӣ ва барпо кардани ақидаҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша ва бештар ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад.
Мутаасифона дар баробари хатарҳои мудҳишу манфури терроризм, ки дар ҷаҳони муосир афзоиши хатари байналхалқии он бештар гардидааст, проблемаи дигари он, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳони гардидааст, ин бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ пардапӯш гардидани ин падида мебошад. Бо вуҷуди он, ки дини ислом бо терроризм ва экстремизм ягон робитае надорад ва баръакс таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронида шудааст, вале гуруҳхои манфиатҷӯ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, аз он сӯиистифода мекунанд.
Ба таъкид Пешвои миллат сухан на дар бораи муқовимат ба ислом ҳамчун яке аз динҳои ҷаҳонӣ, балки дар бораи мубориза бар зидди моҷароҷӯён ва ҷудоихоҳон, меравад, ки ба дин ягон алоқамандие надошта, танҳо моҳияти ҷинояткорию моҷароҷӯии худро бо шиорҳои исломӣ пардапӯш мекунанд ва ба ин васила ба дини мубини ислом доғ меоранд.
Дар асри 21, ки асри илму технологияи муосир ном бурда мешавад, рӯйи кор омадани воситаҳои гуногуни техникаю технология ва дастрасии оммаи васеи мардум ба фановариҳои замони нав, дар баробари пешравиҳою сабукиҳо дар рӯзгор, мутаасифона доманаи амалҳои хатарзоро низ бештар кард. Албатта ин ба маънои он нест, ки аз дигаргуниҳои олами технология ҳаросамонро бештар созем ва аз истифодаи онҳо, ки кору зиндагиро садҳо маротиба осон намудааст, рӯ гардонем. Баръакс дар шароити имрӯз аз он бояд ба таври васеъ истифода барем ва манфиати бештар ба даст биёварем. Вале мушоҳидаҳо собит месозанд, ки бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ, иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гуруҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд. Таҳлили равандҳое, ки тайи солҳои гузашта ба вуқӯъ пайваст ва иддае аз ҷавонони тоҷик шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар хориҷи кишвар гардиданд, нишон медиҳад, ки қисми бештари онҳо маҳз тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ба доми маккоронаи ин гуна ташкилотҳо афтида, оқибат натанҳо пушаймон, балки қурбонӣ гардидаанд.
Тибқи назари коршиносон терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ҳарчанд солҳои охир пас аз талошҳои зиёд ва анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ, шумораи онҳое, ки ноогоҳона қасди пайвасатан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротагроро доранд, коҳиш ёфтааст, аммо ин ҳолат то ҳанӯз наметавонад хатари ин зухуроти манфиро аз байн бурда бошад. Чунки ҳамарӯз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли тағийр ёфтан асту равандҳои мураккаб ва печидатаре дар ҳоли ба вуҷуд омадан қарор доранд.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 таъкид намуданд: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонанд. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».
Воқеан чунин таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат шаҳодат аз он медиҳанд, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо хадамоти махсус ва давлатҳои алоҳида набуда, балки вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мёбошад. Аммо новбаста аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм қарор дошта, онро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон медонад. Дар ин баробар шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.
Бо дарназардошти ин гуна таҳдидҳои хатарзо Раёсати ВКД ҶТ дар минтақа ва ноҳияи Рашт низ дар баробари дигар ниҳодҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқу тартибот, пайваста нақшаву тадбирҳои муҳимеро рӯйи даст мегирад ва барои суҳбату вохӯриҳо бо мардум, шахсони кассбу кори гуногун, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ менамояд.
• Мавриди зикр аст, ки ҳифзу нигаҳдошти тинҷию осудагии ҷомеа ва дур будани шаҳрвандон, минҷумла ҷавонону наврасон аз амалу кирдорҳои номатлуб, хусусан терроризму экстремизм ва сатҳи огоҳии онҳо аз оқибатҳои ногувору даҳшатбори он, барои ҳар фард, аз ҷумла масъулини ниҳодҳои қудратӣ мебояд дар мадди аввал бошад. Зеро рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир мебошанд. Онҳо нисбат ба равандҳои ҷаҳони муосир ва зухуроти манфии он то куҷо бохабаранд ва ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.
Салимзода Бегиҷон, муовини
сардори Раёсати ВКД дар
минтақа ва ноҳияи Рашт,
подполковники милитсия