Омӯзиши Паём ва шарҳу тавзеҳи он дар машғулияти касбӣ
“Паёми Пешво роҳнамо ва меҳвари пешбарандаи ҷомеа” таҳти ҳамин унвон дар Раёсати ВКД вилояти Суғд бо ҷалби олимону коршиносон ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гашт. Гуфтан ба маврид аст, ки омӯзиши нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олӣ барои бештар гардидани дастовардҳо ва нишондиҳандаҳо замина фароҳам меорад. Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи Раёсат иштирок доштанд. Нахуст муовини сардори Раёсат подполковники милитсия Баҳодур Идизода ҳадаф ва муҳимияти шарҳу тавзеҳ ва омӯзиши Паёмро ҳамчун санади дурнамои фаъолият зарур шуморид. Гуфта шуд, ки Паём натанҳо вазифаҳои мақомоти давлатиро дар низоми давлатдорӣ мушаххасан дарҷ менамояд балки дар он вазифаю уҳдадории шаҳрвандон нишон дода шудааст.
Дар идома мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ дар мавзӯи “Паёми Пешво роҳнамои ҷомеа”, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистотн, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шероз Муъминзода дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади сарнавиштсоз дар рушди давлатдории миллӣ, таҳкими қонуният ва маърифати ҳуқуқӣ” ва муовини факултети №4 Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ подполковники милитсия Абдулло Раҳматулло дар мавзӯи “Робитаҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ” баромад карданд.
Маърузачиён таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун барномаи мукамммалу роҳнамо ҳамасола ба Маҷлиси олӣ ироъа гардида, он фарогирандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироъа гардид аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти махсус дошта, дар он рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ таъкид гардид. Зимни идомаи чорабинӣ гуфта шуд, ки дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳар як фарди худшиноси миллат, хоса кормандони ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати авввал наврасону ҷавонон тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсияи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва пешгирии ҷинояту қонуншиканӣ миёни аҳолӣ саҳмгузор бошад.
Дар маҷмуъ дастуру супоришҳое ки дар самти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дода шуданд дар ҷараёни чорабинӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Даструҳои дар Паём таъкид рафта дурнамои фаъолияти тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ буда ҳар як кормандро водор месозад, ки баҳри тадбиқи ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири пешгирӣ аз ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншиканиҳо миёни аҳолӣ мунтазам тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ андешида корбари намояд.
Акбар Шарифӣ подполковники милитсия.























