Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар
29-уми январи соли 2026, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», Бобоев Назармаҳмад Бегмаҳмадович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони И.Сомонии шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Файзов Сироҷиддин Толибович, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ Файзов С.Т. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
29-уми январи соли 2026, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ҳамралиев Ҳомидҷон Абдулвоҳидович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти шаҳри Бохтар, дар километри 100-уми шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Панҷи-поён”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳия Кӯшониён аз уҳдаи автомашина набаромада, пиёдагард Худойберганов Наврӯз Холмуродович, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Вахшро пахш намудааст, ки дар натиҷа Худойберганов Н.Х. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
30-юми январи соли 2026, тахминан соати 13:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Иброҳимов Комил Иброҳимович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ"дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба ҷарии тахминан 100-метр чапа шудааст, ки дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Ҷониқулов Ҳамзақул Раҳмонқулович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофири дигараш Юсуфов Абдусаттор Шодиевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















