Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ
дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бе иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ моҳи майи соли 2023 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, аз ӯ 22 ҳазор сомонӣ ва шиносномаи хориҷиашро гирифта ваъда додааст, ки раводид (виза) ва ҷои кор дар Британияи Кабир омода намуда сафарбар менамояд.
Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ ба боварии марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 22 ҳазор сомонӣ ва шиносномаи хориҷиашро гирифта ваъда додааст, ки раводид (виза) ва ҷои кор дар Британияи Кабир омода намуда сафарбар менамояд.
Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ ба боварии марди 47-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада аз ӯ 22 ҳазор сомонӣ ва шиносномаи хориҷиашро гирифта ваъда додааст, ки раводид (виза) ва ҷои кор дар Британияи Кабир омода намуда сафарбар менамояд.
Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 иловаи-2 моддаи 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















