Ҳалокати ронанда дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ
29-уми январи соли 2026, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-200», Кадиров Абдурасул Ҳотамович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Конибодом ба самти ноҳияи Б.Ғафуров, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба садама дучор шудааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур Кадиров А.Ҳ. аз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонии бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
















