Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолати ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе, ронандаи ҶДММ «ZUD-FOOD”, ворид гардидааст, ки 28-уми январи соли 2026, тахминан соати 13:30-дақиқа автомашинаи тамғаи “Вулинг”, ки арзизаш 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ба ҶДММ “ZUD-FOOD” тааллуқ доштааст, барои шустушӯ ба нуқтаи шустушӯи нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Багоудинови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омада, автомашинаро ба “Зиёдулло” номшахс, ки дар онҷо барои шустушӯ намудан вогузор намуда, гумонбаршаванда аз фурсати муносиб истифода бурда автомашинаро ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муйян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, мошиншӯи нуқтаи шустушӯи нақлиёт, пеш бо моддаҳои 237 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

30.01.2026 8:41
57