Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти зани 38-сола барои ташкили фоҳишахона

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, хонаи истиқоматии дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба иҷора гирифтаашро, ба фоҳишахона табдил дода, 18-уми июни соли 2025, ба марди 48 ва зани 39-солаи сокинони шаҳри Душанбе, барои қонеъ намудани нафси шаҳвонияшон ба иҷора дода, 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

30.01.2026 8:38
29