Зуҳуроти номатлуби ҷомеа
Терроризм ва экстремизм чунин шаклҳои гурӯҳии ҷинояткор мебошанд, ки ба марги беасоси сокинони осоишта, таллаю тороҷи молу мулк ва тарсонидани онҳо сабаб мешаванд. Собит шудааст, ки мақсади шахсоне, ки ба чунин гурӯҳҳо шомил шудаанд, чӣ дар сатҳи ягон маҳалли муайян ва чӣ дар сатҳи байналхалқӣ ин таҳдид намудан ба бехатарии халқи оддӣ ва харобкорӣ мебошад. Инчунин мақсади чунин гурӯҳҳои бо истифода аз хурофоту таҳдидҳои динӣ тарсонидану ба роҳи каҷ равон намудани мардум, хусусан ҷавонон мебошад. Зеро маҳз ҷавонон, ки ҳоло фикри мустақилона надоранд, метавонанд ба чунин равияҳои беасос тез банд шаванд.
Терроризму экстремизм дар шаклҳои дилхоҳи зоҳиршавии худ ба яке аз муаммоҳои хатарноктарин ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Ин шаклҳо ҳарчи бештар ба бехатарии мамлакатҳои зиёди ҷаҳонӣ ва аҳолиашон таҳдид карда истодаанд, ҳамчунин онҳо зарарҳои молиявӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ оварда, ба мардум фишори рӯҳӣ медиҳанд ва ҷони мардуми бегуноҳро ба яғмо мебаранд. Ба андешаи муҳаққиқон манбаи асосии маблағгузории ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ин ба даст гирифтани тиҷорати маводи мухаддир, хариду фурӯши яроқ, қиморбозӣ, қочоқ ва ғайраҳо мебошад.
Ҷавонони имрӯзаи тоҷик аз ин хатарҳо огоҳ ҳастанд ва ҳаргиз намегузоранд, ки ҳар нохалафе пои нопоку палиди худро ба ин сарзамини биҳиштосо ниҳад. Аз ин ҷиҳат онҳо ба суханони пучу бемаънии хоинони миллат, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, аҳамият намедиҳанд ва бовар ҳам надоранд. Мо ҷавононро зарур аст, ки ба қадри ин сулҳу субот ва амнияту осудагӣ бирасем ва заҳматҳои фарзандони фарзонаи тоҷик, аз ҷумла Пешвои муаззам ва маҳбуби худ ва дигар шахсиятҳои бо ору номуси Ватан бирасем.
Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудааст. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ва табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.
Хулоса, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дилхоҳ ормонҳои худ расида истодаем. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳ бояд аз бегонапарастиву ҷаҳолат канораҷӯй бошад.
Ширинов Х.