Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносномасупории ботантана ба хонандагон  дар шаҳри Истаравшан

Муроҷиати шаҳрвандон баҳри гирифтани шиноснома дар ХШБ ШВКД дар шаҳри Истаравшан саривақт қабулу барраси карда мешавад. Бо ҳамин мақсад дар хадамоти мазкур тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаст, ки шаҳрвандон мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ҳуҷҷатгузорӣ дар ин самтро ба расмият дароранд. Аз ҷумла, ба нафари бори аввал шиносномагиранда тавассути хизматрасониҳои электорнии нозироти андоз рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) таҳия гардида аз тарафи эксперт криминалист маълумотномаи доктолоскопӣ дода мешавад ва бе берун рафтан аз ҳудуди ХШБ бо пардохти ғайринақдӣ хизматрасониҳо пардохт карда мешаванд. Иқдоми дигари ба раванди саривақт шиносномагирӣ таъсиргузор ба мактабҳо ташриф оварда ба наврасон вобаста ба низоми шиносномадорӣ маълумот расонида корҳои фаҳмонидадиҳӣ бурдан аз ҷониби масъулин мебошад. Ҳамин аст, ки наврасони ба синни шиносномагири расида дар вақташ барои гирифтани ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият таваҷҷуҳ менамоянд. 
Ташкили чорабиниҳоии ботантана ва дастаҷамъонаи шиносномасупорӣ ба хонандагон ҷузъи дигарии фаъолият мебошад. Ҳафтаи гузашта ҳамингунаи чорбинии бошукӯҳи шиносномасупорӣ ба хонандагони муассисаҳои таълимии №21 ва 69 ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан бо иштироки намояндаи ХШБ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва раёсати маорифи шаҳри Истаравшан баргузор гашт. Дар ин ҳамоиши тарғиботӣ зиёда аз 100 нафар хонанда соҳиби шиноснома шуданд. Бори аввал гирифтани шиноснома дар фазои идона барои хонандагон агар лаҳзаи хотирмон бошад аз ҷониби дигар маълумоти додаи масъулин вобаста ба низом ва қоидаҳои шиносномадорӣ маърифати ҳуқуқии наврасонро баланд менамояд. 
Мавриди зикр аст, ки бо оғози соли 2026 бо назардошти наздик омадани муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба муассисаҳои олии кишвар кормандони хадамоти шиносномадиҳии шаҳри Истаравшан дар ҳамкори бо муассисаҳои таълимӣ қабули дастаҷамъонаи хонандагонро ба роҳ мондааст, то ин ки онҳо ба ҷараёни ҳуҷҷатсупорӣ ба маркази миллии тестӣ омода бошанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

29.01.2026 15:38
73