Муайян шудани ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино мактуби ҶДММ «Акома», воқеъ дар шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки ҷавонзани 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, аз 1-уми июн то 31-уми декабри соли 2025, дар ҶДММ «Акома» дар сехи ҳасиббарорӣ ба ҳайси намояндаи тиҷоратӣ кор ва фаъолият намуда, дар вақти иҷрои вазифааш 37 ҳазору 423 сомониро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
















