Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми январи соли 2026 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, 10 ҳазор сомонӣ пули нақд ва 100 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷоқи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 40-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

26.01.2026 8:49
64