Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иродаи қавӣ баҳри пешгирии хатарҳои замони муосир

Агар ба таърихи инсоният назар афканем, пас маълумамон мегардад, ки афроди бадхоҳу ҷиноятпеша ҳамеша барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз роҳу василаҳои гуногун истифода бурда, амалу кирдорҳои ҷиноятии худро содир намудаанд. Ҳатто баъзан вақт ҷони худ ва наздикону пайвандонро аз даст дода, ё беватану ғариб гардидаанд.

Дар замони муосир низ яке аз зуҳуроти номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон кардааст, аз ҷониби ашхоси бадкирдору бадтиннат содир намудани ҷиноятҳои террористӣ мебошад.
Истилоҳоти "террор" ва "терроризм" нахустин маротиба дар Инқилоби Бузурги Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст. Террор дар "Фарҳанги забони тоҷикӣ" ба маънои роҳзану одамкӯш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, айёр оварда шудааст.
Имрӯз ҳар як сокини солимфикри сайёра хуб дарк мекунанд, ки терроризм чист ва оқибати амалҳои террористӣ давлату миллатро ба чӣ оварда мерасонад?! То ба имрӯз пайи амалҳои террористӣ, нафарони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон қатл мешаванду кӯлбори азобу машаққат ба сарашон бор мегардад. Дар баробари ин, он давлатҳое, ки гирифтори чунин амалҳои террористӣ гардидаанд, даҳсолаҳо аз рушду тараққиёт ақиб монда, соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти онҳо коста мегардад. Садҳо ҷавонону наврасон аз таҳсилу тадрис дур мегарданд ва ҳуқуқҳои онҳо поймол мешавад.
Он ташкилоту созмонҳои террористие, ки дар саросари ҷаҳон арзи ҳастӣ доранд, бо истифода аз чунин шароити баамаломадаи ин давлатҳои зарардида ва барои амалӣ кардани мақсаду ҳадафҳои ғайриинсонии худ бо ҳар роҳу васила кӯшиш менамоянд ҷавонону наврасон ва он афроди бесаводу гумроҳро ба дом кашанд ва пайравони худ созанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри оромиву осоиштагии давлату миллат, пешгириву решакан намудани ҳама гуна ҷинояту амалҳои террористӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст, то ки ин вабои асрро дар қаламрави давлати худ маҳву решакан намояд ва таҳдиду хавфи онро дар минтақа ва саросари олам аз байн барад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез", ки 4-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, иброз намудаанд, ки: "Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.
Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида қотеона ҷонибдорӣ мекунем".
Боварӣ дорем, ки ҳар як фарди худогоҳи тоҷику тоҷикистонӣ сафедро аз сиёҳ, бадро аз нек, дӯстиро аз душманӣ фарқ мекунад, дигар бозичаи дасти хоинону ватанфурӯшон намегарданд.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳама сарҷамъу паҳлӯи ҳамдигар истода, намегузорем бадхоҳони миллат байни мо тафриқа ангезанд ва ҳамаи он мақсаду ниятҳои нопокашонро, ки дар ботин мепарваранд, барҳам зада, онҳоро қотеона маҳкум менамоем.

Шукурзода Ҳабибулло Шералӣ,
ёрдамчии Раиси Суди н.Фирдавсӣ

25.09.2020 12:09
14