Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъат ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд

22-юми январи соли 2026 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи нашъадор, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуковбуда, мубодилаи иттилоот ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба сулҳу субот дар ҷаҳон табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Таъкид гардид, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ҳамкории муштарак таъсирбахш хоҳад буд.

22.01.2026 14:36
131