Собиқадорон ифтихори моанд!
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар ҳар сохтору раёсатҳои оташнишонии кишвар нафарони соҳибдил зиёданд ва рӯз аз рӯз фаъолияти пурсамар нишон медиҳанд.
Ҳамаи ин диловарию ҷасурӣ аз он далолат медиҳад, ки дар байни зодагони ин миллат аз қадим то ба имрӯз ашхоси соҳибдилу матинирода, ҷасуру ватандӯст хеле зиёд мебошад ва дар байни ҳамин гуна шахсони соҳибному соҳибкасб мо бо сари баланд метавонем номи яке аз собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ генерал-майори мустаъфӣ Додоматов Исроилро ба забон орем.
Додоматов Исроил, 27-уми октябри соли 1933 дар деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт, вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1948 мактаби миёнаи деҳаи Шайдонро хатм намуда, баъдан соли 1949 ба мактаби киномеханикии шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) дохил шуда, касби киномеханикиро соҳиб гардид. Аз соли 1949 то моҳи сентябри соли 1952 дар Шуъбаи маданияти Сталинобод кор кардааст. Аз соли 1952 то соли 1955 дар Омӯзишгоҳи техникии оташнишонии ВКД ИҶШС-и шаҳри Харков таҳсил намуда, онро бо ихтисоси техникии оташнишонӣ хатм намудааст.
Солҳои 1957-1958 дар мактаби шабонаи коргарҷавонони рақами 1-и шаҳри Сталинобод хонда. соҳиби маълумоти миёна мегардад. Солҳои 1961-1967 ӯ Шуъбаи шабонаи факултети ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бомуваффақият ва бо дипломи аъло хатм намуда, соҳиби касби ҳуқуқшиносӣ низ мегардад.
Исроил Додоматов ба сафи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз соли 1955 шомил гашта, то 1-уми январи соли 1990 бо корнамоиҳои хоса фаъолият дошт. Ӯ корро дар соҳаи сӯхторхомӯшкунии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нозири қаторӣ сар карда то ба сардори Раёсати оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сабзида расидааст.
Аз соли 1990 то соли 1995 бинобар дар синни ниҳоӣ буданаш дар нафақа қарор дошт. Лекин бинобар сабаби ба кадрҳои баландихтисосу соҳибтаҷриба ниёз доштан то аҳдоби Артиши миллӣ гузошта шавад, корро дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома бахшид. Аз соли 1995 то соли 1996 аввал дар вазифаи муовин ва аз соли 1996 то соли 2001-ум дар вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз соли 2001-ум то соли 2013 роҳбарии Шӯрои ҷамъиятии хадамоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Дар давраи роҳбариаш дар ин сохтор дигаргунисозиҳои ҷиддӣ ба амал омадааст ва худ пас аз корнамоиҳо соҳиби унвони корманди хизматнишондодаи ВКД-и ИҶШС гардид.
Генерал-майори мустаъфӣ Додоматов Исроил дар тӯли фаъолияти хизматиаш аз ҷониби ду вазорат ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордену медалҳо, нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорномаҳову раҳматномаҳо сарфароз гардонида шудааст. Чунончӣ, бо нишони фахрӣ соли 1988 ва бо ордени “Спитамен” соли 1997 ва дар ҷамъ бо 16 номгӯи медалҳои ватанию хориҷӣ ва дигар мукофотҳои ВКД ва ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштааст.
Тамоми ин хизмати шоёни ин шахси пуртаҷрибаро ба инобат гирифта, бахшида ба 90-солагии собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Додоматов Исроил рӯзи 27-уми октябри соли 2023 дар бинои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД сардори Сарраёсати мазкур генерал-майори хизмати дохилӣ Умарзода Бахтиёр ва бо иштироки як қатор кормандону собиқадорони хадамоти давлатии оташнишонии ВКД чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид ва дар интиҳои ҷашнвора ин марди шуҷоъу далер, фарзанди фарзонаи миллат аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ бо туҳфаҳои хотирмону арзишманд сарфароз гардонида шуд.