Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содиқона ва беғаразона адо намудани хизмат ба Ватан

Муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия Ҳукуматулло Зикрулло, бинобар сабаби расидан ба синни нафақа, аз тарафи роҳбарияти раёсати мазкур бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел карда шуд, ки минбаъд ба ҳайси собиқадор ба кормандони ҷавон таҷрибаи хешро меомӯзонанд.

 Ҳаёту рӯзгори муҳтарам Ҳукуматулло Зикрулло чун як шахси содиқ ба Ватан, донишманд дар касби пурифтихор, дар ҷодаи интихобкардааш, ҳамеша барои ҳамкоронаш намунаи ибрат аст, ки солҳои зиёд хизмати халқу Ватани азизро содиқона ва беғаразона адо намудааст.
Дар давраи фаъолияти корӣ дар ҳамаи вазифаву мансабҳои ишғолнамудааш худро ҳамчун мутахассиси соҳибистеъдоди соҳа нишон додааст.

Дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор карда, ҳамеша расидан ба қадри Ватан, меҳнати ҳалол, донишомӯзӣ ва хушмуомилагиро ба кормандон талқин мекард.
Рафтори шоиста ва корҳои намунааш, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамин аст, ки ҳаёти инсонҳои тозакору сарсупурда дар касбашон, ҳамеша чун намунаи барҷаста айён асту соҳиби иззату эҳтиром мебошанд.
Рӯзу рӯзгор ва кору фаъолияти ин шахси кордон, низ дарбаргирандаи ҳамин махсусиятҳост.

 

Ба муҳтарам Ҳукуматулло Зикрулло аз номи роҳбарият ва тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон, тансиҳатии ҳамешагӣ, саодати рӯзгор ва умри дарози пурбаракат орзу менамоем.
Офоқ Қодириён полковники милитсия

13.03.2023 15:33
30