Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда, мусофир ва пиёдагард дар ҳодисаҳои нақлиётӣ

18-уми январи соли 2026, тахминан соати 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Соната”, Талабов Муҳаммадҷон Абдуразоқович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бо қисмати пеши автомашинааш пиёдагард Мизробов Ахмедҷон Нусратуллоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Мизробов А.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
18-уми январи соли 2026, тахминан соати 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс 200», Қосимов  Илёсҷон Раҳмонқулович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Айнӣ-Панҷакент” дар ҳудуди деҳаи Гусарии ҷамоати деҳоти Л.Шералии ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Шакман» таҳти идораи ронанда Холов Абдусалим Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Панҷакент, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс 200», Қосимов И.Р. ва мусофири ноболиғаш Шаропов Идрис Довудович, соли таваллудаш 2015, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, мусофирони дигари автомашинаи мазкур Қосимова Сурайё Илёсовна, соли таваллудаш 1992 ва ноболиғон Шарипов Икром Довудович, соли таваллудаш 2016 ва Шарипов Илҳом Довудович, соли таваллудаш 2020, сокинони шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

20.01.2026 8:30
42