Автомашинаи зани 33-соларо ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 33-солаи сокини шаҳри Ҳисор ворид гардидааст, ки 18-уми январи соли 2026, тахминан соатҳои 00:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ як адад автомашинаи шахсиаш тамғаи «Кемри-6»-ро, ки дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















