Ҳалокати якчанд нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ
17-уми январи соли 2026, тахминан соати 17:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Аванте”, Олимов Турсунмурод Ҷумаевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи мазкур ба самти ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нақлиёти боркаши тамғаи “Мерседес-Атеко”, таҳти идораи Ҷурақулов Илҳомиддин Абдузоирович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванте” Олимов Т.Ҷ ва мусофираш Тағоибеков Раҷабалӣ Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафар мусофирони дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
17-уми январи соли 2026, тахминан соати 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, Равшанбеков Абдулло Равшанбекович, соли таваллудаш 1997, сокин ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Бохтар-Душанбе” дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Сайфиддинзода Комил Тошмаҳмад, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Сайфиддинзода К.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ои ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















