Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭЪЛОН!

Дар асоси фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №41 аз 19-уми январи соли 2026
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пайдо кардани чеҳраҳои нави боистеъдоду эҷодкор, дорои дониши баланди адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ озмуни “Ровиён” баргузор менамояд.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ин фароҳам овардани шароит барои кормандоне, ки истеъдоди эҷодӣ, маҳорату санъати суханварӣ доранд, дар ин замина иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки  дар таҳияи барномаҳои телевизионӣ,  фаъолияти  Сомонаи расмӣ ва ҳафтаномаи соҳавии “Қонун ва ҷомеа”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷалб карда шаванд.
 Талаботи озмун
 - нутқи бурро, 
 - маҳорату санъати суханварӣ, 
 - тафаккури адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ,
 - огоҳ будан аз вазъи ҷаҳони имрӯз,
 - доштани симои телевизионӣ, 
 - дарк намудани воқеият, доштани истеъдоди эҷодӣ ва таҳлилгарӣ,
 - мустақилона эҷод намудани мавод, хабару гузориши телевизионӣ,
 - донандаи хуби забони адабии тоҷик,
 - доштани фонди луғавӣ,
 - синну соли иштирокчиёни озмун то 35 сола.
 Шарти озмун
- суханварии озод (то 5 дақиқа),
- изҳор кардани андеша ва тафаккур оид ба воқеъият,
- таҳияи гузориши телевизионӣ вобаста ба ҳодиса ва ҷиноятҳои бозтоби ҷамъиятидошта,
-    вокуниш ва ё раддия ба маводи танқидӣ вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ,
-    таҳияи гузориш бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва ғайра,
-    истифодаи дуруст ва мақсадноки дастгоҳҳои техникии муосир.
Эзоҳ: барои иштирок дар озмуни “Ровиён” довталабон, ҷиҳати номнавис шудан метавонанд ба Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ (бинои асосӣ, ошёнаи 3-юм,) то санаи 1-уми феврали соли 2026 ташриф биёранд.

Барои нафароне, ки дар “Озмуни ровиён” иштирок намуда, ба талабот ва шарти он пурра ҷавобгӯ ҳастанд ва бо муваффақият аз озмун мегузаранд, аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мукофоти пулӣ ба маблағи “3000” сомонӣ муқаррар гардидааст.

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ:
222-35-58, 939-23-44-44, 985-92-02-02, 939-92-00-00 

19.01.2026 11:55
34