Ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон
Рӯзи 15-уми январи соли 2026 дар меҳмонхонаи "Кангурт"-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор гардид, ки дар он Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Абдураҳмон Аламшозода ва дигар кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо оғоз намуда, изҳор дошт, ки ҳадаф ва мақсади Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон аз он иборат аст, ки дар ҳамбастагӣ мову шумо фаъолиятро дуруст ба роҳ монда, сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳама он омилҳои ба ин раванди мубориза монеагӣ кунандаро бартараф созем ва нуфузу эътибори давлатро баланд бардорем.
Дар хотимаи ҷаласа барои беҳтар гардидани фаъолияти комиссияи мазкур ва ба пешравиҳо ноил гардидан дар самти муқовимат ба савдои одамон аз ҷониби иштирокчиёни ин чорабинӣ таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.






















