Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар натиҷаи ноуҳдабароии ронанда

16-уми январи соли 2026, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Муродов Хурсандмурод Ҷӯрамуродович, соли таваллудаш 1995, сокини сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ақиби автомашинаи боркаши тамғаи «СКАНИЯ Р380», ки дар канори роҳ меистод ва ба ронанда Рустамов Раҳим Маҳмудович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дорад, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа мусофири автомашинаи «Опел-Вектра», Ҳоҷиева Муслима Бобоқуловна, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Зафаробод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст ва ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Муродов Х.Ҷ., мусофири дигари автомашинаи мазкур Муродова Ҳурбибӣ Ҷурамуродовна, соли таваллдуаш 1993, сокини ноҳияи Спитмен, ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштаанд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

17.01.2026 8:42
66