Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани зани 38-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 29-уми декабри соли 2025, тахминан соати 13:00, дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шахси ношинос бо роҳи ошкоро бо тариқи зуроварӣ аз гӯши духтари хурдсоли 7-солааш сокини ҳамон ҷо гӯшворҳои тиллоиашро тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини ноҳияи Ванҷ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

17.01.2026 8:37
24