Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани якчанд ҳодисаи дуздии молу амволи шаҳрвандон 

Ба ШВКД дар ноҳияи Вахш аризаи марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 19-уми декабри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз сари заминҳои хоҷагии деҳқониаш, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахш як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 23 ва 20-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд. 
Инчунин гумонбаршавандагон шаби 13-уми январи соли 2026, бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Вахш як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Рашт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳамдеҳааш пирамарди 78-солаи сокини ноҳияи мазкур 17 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
Ҳамзамон дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 11-уми январи соли 2026, тахминан соати 12:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсии марди 28-солаи сокини шаҳри Норак, тамғаи “ЛЕКСУС” ки дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе беназорат меистод, ду адад телефони мобилии тамғаи “АЙФОН-17 про макс» ва АЙФОН-13 про макс”-ро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад. 

16.01.2026 8:56
17