Ҳалокати пиёдагард бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
12-уми январи соли 2026, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Волсваген-Поло», Мустафоқулов Самандар Комилович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Истаравшан, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Салимов Ҳошимҷон Раҳимович, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Салимов Ҳ.Р. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.














