Ошкор шудани ҳолати мардумфиребӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми январи соли 2026, марди 52-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 65 сар чорвои майдаи шохдорро ба маблағи 237 ҳазору 400 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 3 шабонарӯз маблағашро пардохт мекунад, аммо гумонбаршаванда ваъдаашро иҷро накарда то ҳол фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.


















