Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбари Дастгоҳ: Машрабзода Ҷамшед Хол - генерал-майори милитсия, 22 октябри соли 1978 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 2000-ум Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ», соли 2004 Академияи андози Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» ва соли 2008 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро ба итмом расонидааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 31 октябри соли 2002.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: нозир оиди кор бо ноболиғони ШКҶ РВКД дар ш.Душанбе, ваколатдори оперативии шуъбачаи ШКҶ РВКД дар ш.Душанбе, муовини сардори ШКҶ ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе, сардори шуъбаи ҳамкорӣ бо мақомоти қудратии минтақавии БММ «Интерпол»-и ВКД, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати ВКД, сардори шуъбаи ВКД, муовини сардори Раёсати ВКД, муовини сардори Бюрои Марказии Миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва сардори БММ «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Машрабзода Ҷамшед Хол санаи 9 январи соли 2026 ба вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо мукофотҳои давлатӣ – медали «Хизмати шоиста» ва медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шудааст.














