Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ аризаи зани 62-солаи сокини ноҳияи Ёвон ворид гардидааст, ки моҳи декабри соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз онҷо қасди дуздидани 1-адад яхдонро намудааст, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аммо яхдонро бароварда натавониста, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин  ҷиноятро ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

10.01.2026 8:38
27