Ҳалокати ноболиғи 11-сола бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
8-уми январи соли 2026, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, Ансории Салоҳиддин, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи автомобилгарди “Рашт-Тоҷикобод-Лахш”, воқеъ дар қисмати поёни деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод, бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракати автомобилаш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Асоев Валиҷон Аловиддинович, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Асоев В.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи мазкур Ансории С. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















