Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳодисаҳои дуздӣ 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 44-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибкор дар бозори “Фаровон” ворид гардидааст, ки 7-уми январи соли 2026, тахминан соати 07:10-дақиқа, ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквориаш даромада, аз он ҷо маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 480 сомониро ташкил медиҳад. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Лахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 20:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо  як сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида ба марди 43-солаи сокини ҳамин ноҳия ба маблағи 7 ҳазору 700 сомонӣ фурухтааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 модаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

09.01.2026 8:09
25