Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо роҳи зӯроварӣ гирифтани телефони мобилӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 5-уми январи соли 2026, тахминан соати 19:40-дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, дар назди истгоҳи роҳи оҳани “Хонақо”, зани 27-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос лату кӯб намуда, аз дасташ  як адад телефони мобилии тамғаи “Редми-14-С”-ро бо роҳи ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.  
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

09.01.2026 8:04
21