Ошкор шудани ду ҳолати ташкили фоҳишахона
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, 3-юми январи соли 2026, манзили иҷоравиаш, воқеъ дар шаҳри Кӯлобро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан аз ҷавони 21 ва зани 30-солаи сокини ноҳияи Фархор ҳақи хизмат 200 сомонӣ гирифтааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 35-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, 29-уми декабри соли 2025, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан аз ҷавони 21 ва ҷавонзани 23-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб ҳақи хизмат 250 сомонӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















