Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҷавони 24-сола

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 6-уми январи соли 2026, тахминан соати 18:00, дар кӯчаи К.Маркси ноҳияи мазкур бо ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия вохӯрда, аз сабаби доштани хусумати шахсӣ бо корд як маротиба ба қисмати чапи бадани ҷабрдида зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

08.01.2026 8:24
38