АФКОРИ СОКИНОН вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- шаҳрванди давлати Камерун, ки ба ҳайси сайёҳ дар пойтахт қарор дошт, оид ба сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос карда, иброз менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зебо буда, биноҳои баландошёнаи рангоранг бо нақшу нигори зебо бунёд шуда истодаанд. Ба ин зан ташриф овардан ба Тоҷикистонро ба ҳайси сайёҳ яке аз рафиқонаш пешниҳод намуда, оиди зебогӣ ва танинандоз будани фазои оромӣ дар кишвар баён намудааст. Номбурда аз сафари худ ба Тоҷикистон қаноатманд буда, иброз намуд, ки дар воқеъ шаҳри Душанбе ба мисли шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб зебо шуда истодааст ва сайру гашту тамошои шабонаи Душанбе ба инсон ҳаловат мебахшад. Нархи молу маҳсулот дар ин ҷо нисбат ба кишварҳои Аврупо арзон буда, одамон хеле хушмуомила ва хушзабон мебошанд.
- сокинон зимни суҳбат вобаста ба тасмим ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки Пешвои миллат шахсияти бисёр нексиришт, ғамхор ва мардумдӯст буда, ҳамеша нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ба гуфтаи сокинон, туҳфа намудани хонаҳои истиқоматӣ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ далели равшани ғамхории давлату Ҳукумат ва қадршиносии хизматҳои содиқонаи онҳо дар роҳи ҳифзи амният, субот ва оромии ҷомеа мебошад. Чунин иқдомҳо рӯҳияи хизматчиёнро боло бурда, онҳоро ба адои боз ҳам софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ҳидоят менамояд. Сокинон изҳор доштанд, ки сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат ба таҳкими ваҳдати миллӣ, болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ояндаи осудаи кишвар равона гардида, ҳамеша мавриди ҷонибдорӣ ва пуштибонии мардум қарор дорад.
- сокинони шаҳри Душанбе ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе»-ро бо қаноатмандӣ истиқбол намуда, онро натиҷаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи воситаҳои ахбори омма арзёбӣ менамоянд. Ба андешаи сокинон, бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат фароҳам омадани чунин шароити муосири корӣ барои ҳайати эҷодиву техникии телевизион заминаи мусоид барои баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо, таҳияи маводи касбӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон мебошад. Таҷҳизоти пешрафта, студияҳои муҷаҳҳаз ва инфрасохтори замонавӣ имкон медиҳанд, ки барномаҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ дар сатҳи баланд омода ва пешниҳоди бинандагон гарданд. Ҳамзамон сокинон таъкид менамоянд, ки васеъ гардидани доираи пахши Телевизиони Душанбе ва имкони тамошои он дар хориҷи кишвар бо сифати баланд ба муаррифии дастовардҳои пойтахт, фарҳанги миллӣ ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумат мусоидат мекунад.
- бонувони пойтахт вобаста ба сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат арзи сипос намуда иброз доштанд, ки бо дастгирӣ ва заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз ба рӯз рушд ёфта, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам мегардонад. Қайд гардид, ки Пешвои миллат тамоми кӯшишу талош ва заҳматҳои худро ба рушди соҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқии обӣ, ободонӣ ва пешрафти давлат равона намуда, бо иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда истодааст.
- аксарияти сокинон шукргузорӣ аз он мекунанд, ки давлати мо тинҷу обод ва устувор мебошад. Онҳо қайд менамоянд, ки дар тамоми гӯшаву канори Ватанамон озодона гаштугузор карда, дар фазои орому осуда зиндагӣ мебаранд, ки ин ҳолат нишонаи тинҷиву суботи давлат ва пойдории ҷомеа мебошад. Сокинон изҳор доранд, ки барои таъмини чунин шароити зиндагӣ ва амнияти устувор шукргузор мебошанд. Онҳо ифтихор доранд, ки Пешвои миллат дар давоми беш аз 30 соли фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари давлат ба Ватан заҳмату талош карда, онро ободу зебо гардонида, гул-гулшукуфон намудаанд.
Фаъолиятҳои созанда ва сиёсати пешгирифтаи ин марди қавиирода барои таҳкими истиқлол, рушди иқтисод ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум заминаҳои устувори сулҳу субот ва рушди устуворро фароҳам овардаанд. Ин заҳмату талошҳо барои тамоми мардуми кишвар манбаи ифтихор ва ҳисси ватандӯстӣ буда, сокинон онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ эътироф мекунанд.















