Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани чор ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг аризаи зани 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 15-уми октябри соли 2025, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагиаш, воқеъ дар мавзеи “Ҳашар” як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 27-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст. 
Инчунин 15-уми декабри соли 2025, тахминан соатҳои 11:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагиии марди 36-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, воқеъ дар мавзеи “Ҳашар” ду сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 23 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ ба ШВКД дар ноҳияи Муъминобод аризаи марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи октябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Дӯстии ноҳияи Муъминобод 5 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 57-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 30-юми декабри соли 2025, тахминан соати 08:30-дақиқа, ҳангоми дар назди бозори «Фаровон», воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров қарор доштанаш 1-адад дучархаи барқӣ, ки ба марди 63-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодексти ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

03.01.2026 8:39
28