Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар натиҷаи муноқиша

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 25-уми декабри соли 2025, тахминан соати 12:00, ҳангоми дар кӯчаи А.Қаҳҳорови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор дрштанаш, бо марди 54-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол карда, бо корд се маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа, мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ба дараҷаи вазнин мансуб мебошад. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки 19-уми декабри соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа,  ҷавонони 20 ва 21-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми дар маҳаллаи Сабзикори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, назди мағозаи хӯрокворӣ қарор доштанашон бо ҷавони 20-солаи сокини пойтахт муноқиша карда, якдигарро зери лату кӯб қарор дода, рафиқи ҷавони 20-сола ба муноқишаи онҳо ҳамроҳ шуда, ҷабрдидаро зери лату кӯб қарор додааст. 
Гумонбаршаванда ба мағозаи хӯрокворӣ даромада аз онҷо 1-адад корди хоҷагиро гирифта, ба қафаси синаи чапи ҷабрдида як маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ба дараҷаи вазнин мансуб мебошад.
Нисбати ҷавони 20-сола бо қисми 3 моддаи 237 ва ҷавони 21-сола бо қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад. 

03.01.2026 8:36
40