Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии кормандони хадамоти шиносномавӣ  ба муносибати рӯзи касбӣ

Ба муносибати рӯзи касбии кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (ХШБ), ки ин сана ба ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиносномадорӣ рост меояд, дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки ҳайати шахсии ХШБ Раёсат ва сардорони зерсохтори хадамоти мазкур аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабинии идона баргузор гашт. Мавриди зикр аст, ки 27 декабри соли 1932 низоми ягонаи шиносномадорӣ ҷорӣ гардид ва ин рӯз ҳамчун санаи таърихӣ ва рӯзи касбии кормандони хадамоти шиносномадорӣ қайд карда мешавад.
Дар оғоз сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло тамоми иштирокчиёни чорабинӣ ва дар шахсияти онҳо кормандони дар ҳамин самти муҳими хизматии мақомоти корҳои дохилӣ фаъолиятбаранда ва собиқадорони соҳаро бо иди касбӣ табрик намуд. Таъкид гардид, ки кормандони ниҳоди мазкур уҳдадории басо масъулиятнокро ба душ доранд. Барасмиятдарории ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ, назорати раванди буду боши шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ ва дигар уҳдадориҳо тақозо менамояд, ки корманд аз донишҳои замонавӣ бархурдор бошад. Ду ва зиёда забонҳои хориҷиро донад. Аз технологияи компютерӣ огоҳӣ дошта, донандаи тарзи дурусти барномасозӣ, ҳамзамон муоширати самимӣ бо шаҳрвандонро ба роҳ монда тавонад. Аз ин рӯ корманди хадамоти шиносномавию бақайдгириро зарур аст, дар баробари ташаккули қобилияти инфиродӣ ҳамеша баҳри рушду пешрафти касби интихобнамудааш кӯшиш намояд. Дар ҷараёни чорабинӣ аз тарафи сардори Раёсат ба кормандони хадамот дастурҳои мушаххас дода шуда зикр гардид, ки бо меҳнати софдилона ва муомилаи хуб бо шаҳрвандон дар пайи иҷрои вазифаи касбӣ бошанд.
Дар охир бо фармоишҳои Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Раёсат барои хизматҳои намунавӣ ва саҳми арзанда дар фаъолияти соҳаи шиносномадорӣ як қатор кормандон бо медалу нишонҳои соҳавӣ ва Сипосномаву Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ шиноснома  ҳуҷҷати асосие мебошад, ки заминаи тамоми ҳуҷҷатгузориҳо бо истифода аз он гузошта мешавад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

31.12.2025 14:43
66