Шиносномасупории ботантана ба хонандагони МТМУ №57 шаҳри Исфара
Масъулини шуъбачаи шиносномадиҳии Шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара дар партави дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ҷиҳати дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъмин намудани шаҳрвандон бо шиноснома фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш менамоянд аз қоидаҳои шиносномадорӣ аҳолӣ огоҳ бошанд. Корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар мактабҳо ва ташкили чорабиниҳоии ботантанаи шиносномасупорӣ ба хонандагон бо ҳамин мақсад мебошад, ки дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати маорифи шаҳри Исфара роҳандозӣ шуда истодааст.
25 декабр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 шаҳри Исфара гурӯҳи калони хонандагони синфҳои болоӣ дар вазъияти тантанавӣ бо шиноснома таъмин шуданд. Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара майори милитсия Файзулло Наимзода зимни баромад таъкид намуд, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ба синни 16 солагӣ расида уҳдадор аст ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият дошта бошад. Зеро гирифтани шиноснома дар баробари гувоҳӣ аз синни камолот ҳамчунин комилҳуқуқӣ ва мансубияти шаҳрвандии шахсро тасдиқ мекунад.
Дар ҷараёни чорабинӣ маърӯзачиён таваҷҷуҳи хонандагонро ба қоидаҳои шиносномадорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти шиноснома ҷалб намуда, ботантана ба 22 нафар шиноснома супориданд. Шиносномагирии ботантана хонадагонро рӯҳбаланд намуд.
Гуфтан ба маврид мебошад, ки хизматрасонӣ ба шаҳрвандон дар ХШБ Шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара хуб ба роҳ монда шудааст ва ҳамарӯза талаботи ҳар як муроҷиаткунанда дар доираи талаботҳои қонунгузорӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда мешавад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.






















