Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Данғара муроҷиат намудааст, ки 17-уми ноябри соли 2025, дар кӯчаи Бухорои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, худро соҳибкор оид ба муомилоти маводҳои доруворӣ муаррифӣ намуда, як адад автомашинаи тамғаи “Тайота RAV 4”-ро ба маблағи 280 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 25 шабонарӯз маблағашро оварда медиҳад, аммо гумонбаршаванда автомашинаро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

30.12.2025 8:01
71