Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати зани 48-сола барои ба худкушӣ расонидани келин

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 48-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун, аз соли 2019 то инҷониб нисбати келинаш ҷавонзани 23-солаи сокини ҳамон ҷо, муомилаи бераҳмонаро раво дида, пайваста охиринро мавриди лату кӯб қарор дода, мунтазам шаъну шарафи ӯро паст задааст.
8-уми сентябри соли 2025, тахминан соати 08:30-дақиқа, ҷабрдида аз муносибати бераҳмонаи хушдоманаш тоқат накарда бо мақсади халосӣ ёфтан 1-адад ҷавҳари сирко-ро истеъмол намуда, аз ҳуш рафта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

27.12.2025 8:53
93