Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ду ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2025, дар манзили истиқоматиаш 7 қуттӣ ба миқдори 3 ҳазору 150-дона маводҳои тарфгарии намуди «Трения Х201»-ро бо мақсади фурӯхтан ва ба соҳибияти каси дигар додан нигоҳ доштааст.
Ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда маводҳои тарфгарии намуди «Трения Х201»-ро аз ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи мазкур гирифтааст.
Мувофиқи маълумотномаи судӣ таркишӣ-техникӣ маводҳои мазкур коршоям мебошанд. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ  дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 14-уми декабри соли 2025, тахминан соати 09:00, 50-адад қуттичаҳои маводи тарфгарии намуди «Трения»-ро, бо мақсади фурӯхтан ба ноҳияи Хуросон овардааст, ки аз тарафи кормандони милитсия дарёфт ва гирифта шудааст.
Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии гумонбаршаванда, 120-адад қуттичаҳои маводи тарфгарӣ, дарёфт карда гирифта шуд. 
Мувофиқи маълумотномаи судӣ таркишӣ-техникӣ дар дохили қуттичаҳои гирифташуда 7 ҳазору 650-дона тарконакҳои тарфгарии намуди «Трения» мавҷуд буда, барои истифодабарӣ коршоям мебошанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.12.2025 8:51
49