Дастгир гардидани ноболиғи 15-сола барои авбошӣ
Дар натиҷа гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи15-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 23-юми декабри соли 2025, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба пушти пояш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


















