Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдилӣ дар зиндагӣ (Бахшида ба Рӯзи оила – 15 май)

Рӯзи 7-уми май дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид. Дар ин озмун оилаи корманди Ротаи муҳофизати бино ва иншооти махсуси Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД прапоршики калони милитсия Ҳасан Худоиев ва ҳамсараш Фотима Бошиева аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тақвият бахшидани мақом ва нақши оила дар ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона доир гардид.
Баргузор намудани ин гуна озмунҳо, пеш аз ҳама дар арафаи Рӯзи оила – 15-уми май барои дарёфти оилаҳои беҳтарин дар кишвар ва пойдории ақди никоҳ ва солимии ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро дар оилаи солим фарзанде ба воя мерасад, ки дар оилаи намунавӣ тарбия ёфтааст. Маҳз ҳамин гуна оилаҳои намунавӣ метавонанд ҷомеаи солимро дар кишвар тарбия намоянд.
Ба андешаи қаҳрамонони мо, маърифати оиладорӣ ва баланд намудани сатҳи зиндагии шоиста имрӯз аз ҷониби оилаҳои солим ба роҳ монда мешавад. Оила ин макони муқаддасе мебошад, ки дар он фарзандони батолеъ ба воя мерасанд. Якдигарфаҳмӣ дар оила, пеш аз ҳама ба мустаҳкам намудани муҳаббат ва устуворӣ вобаста мебошад.
Ин ду ҷуфти муносиб моҳи декабри соли 2009 оила барпо намуда, соҳиби ду фарзанди дугоник мебошанд. Фарзандони онҳо Сурайш ва Сумайя 28 сентябри соли 2010 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таваллуд шудаанд.
Тарбияи дурусти волидайни намунавӣ боис гардид, ки фарзандонашон дар мактаб бо дониши хубу аъло таҳсил намуда, дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ иштирок намуда, бо диплому ифтихорномаҳо сазовор гарданд.
Ҳарду корманди низомӣ буда, имконияти онро пайдо намудаанд, ки аз худ дар баробари дигар оилаҳои намунавӣ бо тарбияи дурусти фарзандон ва солимии оилаи хеш намуна бошанд. Маҳз фаъолияти пурсамар ва доштани рафтори намунавӣ боиси ин муваффақият гардид.
Ҳамин гуна рафтор ва кирдорҳои шоистаи онҳо буд, ки дар даври ноҳиявӣ ба гирифтани ҷойи аввал ва дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ба ғолибон ва дигар иштирокчиёни озмун диплом ва сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Тоҷиддин Латипов

13.05.2024 19:52
10