Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду бародар барои куштори бародари калониашон
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки 23-юми декабри соли 2025, тахминан соати 09:00, бародарон мардони 40, 38, 35 ва ноболиғи 11-солаи сокинони ноҳияи Шаҳритус, барои ҷамъоварии ҳезум рафта, ҳангоми нисфирӯзӣ нӯшокии спиртӣ истеъмол карда, дар ҳолати мастӣ тахминан соатҳои 15:00, байнашон бо сабабҳои оилавӣ муноқиша сар задааст.
Бародарон мардони 38 ва 35-сола якҷоя шуда, бародари калониашон марди 40-соларо мавриди лату кӯб қарор дода, бо санги калони дар наздашон буда ду маротиба ба қисмати сараш зарба задаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гумонбаршавандагон бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти худ ҷасадро дар ҳамон ҷо тахминан 30-сантиметр чуқурӣ канда гур карда, маслиҳат мекунанд, ки дар вақти шабона, аз набудани одамон истифода карда ҷасадро канда гирифта дар манзили истиқоматиашон мегуронанд, аммо ҳангоми ба ҷойи ҳодиса омаданашон дастгир карда мешаванд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















