Парчами сулҳ
Зи парчами баланди сулҳ бар ҷаҳон расидаем,
Ба ин нишони давлатӣ чи пуртавон расидаем.
Муқаддасу муқаддам аст ин ливои тоҷикон,
Зи қаъри асрҳо ба ин забон расидаем.
Зи фазли сарвару зи ҷаҳди деҳқону коргар
Ба зери парчами Ватан ба ин замон расидаем.
Ба мост ифтихори худшиносӣ ин ливо,
Бихост он чи халқи мо, ба он расидаем.
Ба шаҳрҳо, ба пойтахт парчам аст парфишон,
Ба қавлу иттиҳод мо зи қалбу ҷон расидаем.
Кашида саф ба зери парчами Ватан қатор,
Ба сад уммед мо ба ин макон расидаем.
Зи рангҳои парчам аст авҷи бахти халқ,
Ба файзу бар футуҳи хонадон расидаем.
Ниҳониё, бигӯй васфи парчам аз замир,
Чу дил ҳар он чи хост, бар ҳамон расидаем.