Тамошои кормандони милитсия аз ёдгориҳои Осорхонаи ВКД
2-юми феврали соли 2023 ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз намоиши дастовард ва ёдгориҳои таърихии Осорхонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Кормандони милитсия дар баробари шиносоӣ пайдо намудан аз масири таърихии ташаккулёбии мақомоти милитсияи тоҷик, ҳамзамон ба тарзу усулҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он дар давраҳои гуногуни таърихӣ, ҷоннисориҳои кормандони далеру шуҷоъи милитсия бархурдор гардида, ба худ ғизои маънавӣ бардоштанд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш таъкид намуданд, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии кормандони милитсия нақша-чорабиниҳо таъсис дода, силсилавохӯриву мулоқотҳои судманд ва тамошои осорхонаву маконҳои таърихии кишварро ба роҳ мондааст.
Воқеан ташкили чунин тамошои дастаҷамъонаи осорхонаву ёдгориҳои таърихӣ, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таърихӣ ва ҷоннисориву қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷиканд, рӯҳияи меҳанпарастиву хештаншиносии инсонро баланд мебардорад. Бо ин мақсад минбаъд низ, тамошои дастаҷамъонаи маконҳои таърихӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия